image

Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муборак ибни Абдураҳмон Ал-Наср

date_range07.02.2024, 19:43 chat_bubble_outline0 remove_red_eye286

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муборак ибни Абдураҳмон Ал-Насрро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст сафири навтаъинро ба муносибати ба ин вазифа таъин гардидан табрик гуфта, дар пешбурди рисолати дипломатӣ ба ӯ комёбиҳо орзу намуданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳо миёни Тоҷикистону Қатар ҳам дар сиғаи дуҷониба ва ҳам дар қолаби минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки дар натиҷаи муколамаи сиёсии сатҳи олӣ муносибатҳои судманд мунтазам рушд ёфта, заминаи ҳуқуқии робитаҳои ду кишвари бо ҳам дӯст таҳким меёбанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, тиҷорату сармоягузорӣ ва фарҳангиву башарӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол, тавсеаи сохтори тиҷорати мутақобила ва ҷалби бештари сармоягузорони Қатарро ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Қатар барои дар сатҳи баланд баргузор намудани мусобиқаи Ҷоми Осиё — 2023 оид ба футбол, инчунин, пазироии самимӣ ва ташкили шароити мусоид ба тими мунтахаби футболи Тоҷикистон, изҳори сипос намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин дар атрофи вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

www.majmilli.tj