image

БА РУСТАМ ЯТИМОВ АВТОМОБИЛИ «TOYOTA COROLLA» ТУҲФА КАРДА ШУД

date_range06.02.2024, 09:51 chat_bubble_outline0 remove_red_eye265
Дарвозабони «Истиқлол»-и Душанбе ва мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов соҳиби автомобили сабукрави «Toyota Corolla» гардид.
Имрӯз дар маркази хизматрасонии «Тойота Душанбе» маросими тантанавии супоридани калиди автомобили нави тамғаи «Toyota Corolla», соли барориаш 2023 ба дарвозабони бошгоҳи футболи «Истиқлол» ва тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов баргузор гардид. Рустам бо ҳунарнамоии муҷаллояш дар ҳайати тими миллии кишвар дар Ҷоми Осиё-2023 дили миллионҳо мухлиси футболро шод намуда, сазовори чунин туҳфаи арзишманд шуд.
Аз ҷониби роҳбарияти бошгоҳи футболи «Истиқлол» ба Рустам Ятимов калиди мошинро директори генералии ширкати «Тоҷ Моторс», дилери расмии ширкати «Тойота» дар Тоҷикистон Аҳмадҷони Муҳаммад супорид.