image

Маросими хатми магистрантони зинаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон

date_range08.02.2024, 10:59 chat_bubble_outline0 remove_red_eye282

Дар маросими супоридани диплом ба хатмкунандагони зинаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” роҳбарияти Академияи идоракунии давлатӣ, намояндаи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо ва мақомоти давлатӣ, хатмкунандагони зинаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ва кормандону омӯзгорони Академия иштирок намуданд.

Сафарзода Даврон - ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки Шумо аз хушбахтарин нафароне ҳастед, ки зинаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”-ро омӯхта, роҳи худро дар оянда мунаввар сохтед ва дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат саҳми боризи худро хоҳед гузошт.

Ёдоварӣ гардид, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва пурқувват намудани иқтидори ҳайати кадрии хизматчиёни давлатӣ ва таҳқиқу омӯзиши Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси розигӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Академия магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”-ро таъсис дод.

Ҳадаф аз ташкили магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” омӯзиши мактаби идоракунию давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Тибқи иттилоъ айни ҳол зинаи магистратураи мазкур муҳассисилинро аз рӯйи ду ихтисос - идораи давлатӣ ва сиёсати беруна ва дипломатия ба таълим фаро мегирад. Дар соли аввали фаъолияти магистратура 44 нафар ва дар соли дуюм 30 нафар ин зинаро муваффақона хатм намудаанд.

Дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Академия ҷиҳати ҳамкориҳои судманд ва саҳми арзанда дар тайёркунии хизматчиёни давлатӣ сипоснома супорида шуд.

Дар поёни чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Академия ва меҳмонон ба 30 нафар хатмкунандагони зинаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” дар фазои тантанавӣ дипломҳо супорида шуд.

Дар фарҷом аз ҷониби шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавон барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"