image

Дар хиёбони Рӯдакӣ 70 адад дарахти Фатуния шинонида шуд

date_range08.02.2024, 13:48 chat_bubble_outline0 remove_red_eye292

Сабзазоркунии боғу гулгаштҳо, хиёбону кӯча ва гулбоғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе на танҳо пойтахти давлати моро зебою дилрабо мегардонад, балки вазъи экологии шаҳрро дар ҳолати муътадил нигоҳ медорад. Бо ҷонибдорӣ аз иқдомҳои созандагиву хуррамнамоии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба шаҳри сабз мубаддал гардонидани пойтахт бо ташаббуси роҳбарияту кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва соҳибкорони ватандӯст дар ҳудуди маъракаи ободонӣ ҷараён дорад. Аз ҷумла дар ин рӯз масъулин дар атрофии роҳи хиёбони Рӯдакӣ зиёда аз 70 адад дарахти Фатуния шинониданд.

Дар маросими шинонидани ниҳолон намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, соҳибкорону шахсони ободгар ва кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия иштирок намуданд.

Қобили қайд аст, ки дар пайи тадбирандешиҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар роҳи таъмини муҳити тозаи экологӣ тавассути шинонидану парвариш кардани гулу дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ дар пойтахти мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба миён омад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"