Мулоқот вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми сарвари давлат бо сокинони маҳаллаи Қуштеппа 2-и ноҳия Фирдавсӣ
“Паёми Пешвои миллат кафили субот ва рушди устувори давлат” зери ин унвон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаии умумии №119-и ноҳияи Фирдавсӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо сокинони маҳаллаи Қуштеппа 2-и ноҳия вохӯрӣ доир гардид.
Дар мулоқоти навбатие, ки бо сокинони маҳаллаи Қуштеппа 2-и ноҳия Фирдавсӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми сарвари давлат доир гардид, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Прокурори ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳозирин зимни баромади хеш оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омад.
Қайд гардид, ки тамоми мардуми шарафманди тоҷик шоҳиданд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо иқдомоти неки Пешвои миллат мавқеи зан зина ба зина боло рафта, дар аксари соҳаҳо таҳким ёфт. Тавре, ки Президенти кишвар таъкид доштанд, дар ин давра дар самти ҳуқуқу озодиҳои зан як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ гардиданд.
Дар идомаи вохӯрӣ Абдуқодирзода Фаррух Прокурори ноҳияи Фирдавсӣ вобаста ба ҷалби ҷавонону наврасон ба донишомӯзӣ, соҳибкасб намудани онҳо ва дар руҳияи онҳо талқин намудани ҳисси ватандӯстӣ ибрози андеша намуд.
Мавсуф иброз намуд, ки бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Инчунин, дар вохӯрӣ вобаста ба ободу зебо гардонидани Ватани азизамон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан, дар бораи ҳисси Ватандӯстии ҷавонон, дар бораи эълон гаштани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва моҳияти он, сухан рафт.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ