ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ДАР ВОХӮРӢ БО КОРМАНДОНИ ВАСОИТИ АХБОРИ ОММАИ ПОЙТАХТ
“Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад”, гуфта шуд, зимни мулоқоти роҳбарияти МИҲД шаҳри Душанбе ва намояндагони сохторҳои гуногуни шаҳрӣ бо кормандони воситаҳои ахбори оммаи пойтахт.
Дилбар Одилзода-муовини Раиси шаҳри Душанбе, иброз дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ аҳамияти калон дорад. Он ҳуҷҷати стратегӣ мебошад, ки афзалияти рушди ҷумҳуриро муайян месозад ва тавсияҳои муҳимро барои иҷрои ин вазифаҳо пешниҳод менамояд. Паём ба таҳкими эътимоди миллат ба Сарвари давлат, беҳтар намудани иртибот байни мақомоти давлатӣ ва аҳолӣ ва мусоидат ба эътибори ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ба хотири шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти кишвар дар пойтахт 6-гурӯҳи корӣ аз ҳисоби роҳбарият ва намояндагони сохторҳои гуногуни МИҲД шаҳри Душанбе таъсис ёфта, ҳоло корбарӣ дар ин самт идома дорад.
Ҳамчунин дар доираи 4-ҳадафи стратегии кишвар ва нақшаву барномаҳои таҳиягардидаи 35-солагии истиқлоли давлатӣ сухан рафт. Гуфта шуд, ки “Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст.”
Яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пайваста баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ба шумор меравад. Хизматҳои Пешвои миллат дар роҳи расидан ба қадру қимат ва эҳтироми зан-модар ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ бағоят бузург аст. Ин мавзӯъ ҳам зери таваҷҷуҳи масъулони гурӯҳи корӣ қарор дошт.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ