
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ НОҲИЯВИИ ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ДАР ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2024

Инчунин, дар кори ҷаласа раисони шаҳраку маҳаллаҳо ва минтақаҳои ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ, комиссари ноҳия ва кормандони комиссарияти ноҳия, кормандони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеа ва панҷвақтаи ноҳия даъват гардида, иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон оғоз намуда, тибқи тартиби муқарраргардида оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои даъвати муташаккилонаи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ки бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Зимни баррасии масъалаи мазкур масъулин вазифадор гардиданд, ки тибқи муҳлати муқарраргардида ҷадвали банақшагирифташудаи даъвати ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ то санаи 1 апрел омода намуда, 150 нафар ҷавонони синни даъватиро барои сафарбар намудан ба рӯзи якуми даъват ба хизмати ҳарбӣ омода намоянд.
Бо назардошти масъалаҳои баррасигардида ҷаласа ба кори худ анҷом бахшид.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ