image

Дар соли 2023 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 млн. 358 ҳазор сайёҳон ташриф оварданд

date_range13.02.2024, 11:43 chat_bubble_outline0 remove_red_eye384

Соли 2023 шумораи умумии сайёҳони ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, 1 миллиону 358 ҳазор нафарро ташкил намуд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод ба хабарнигорон иттилоъ дод. Аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, 1 милиону 201 ҳазор нафарашон сайёҳ арзёбӣ гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 201 ҳазор сайёҳ ё 20,2 фоиз зиёд мебошад.

Ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии иқтидорҳои соҳаи сайёҳии кишвар, махсусан сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ 55 чорабинӣ дар дохили кишвар ва 37 чорабинии сатҳи байналмилалӣ давоми соли 2023 баргузор карда шуданд, гуфт Камолиддин Муминзода раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.

Бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар симои сайёҳии ватани маҳбубамон мувофиқи иттилои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро дар арсаи байналмилалӣ касб намудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ, дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи «Мамлакати ҷолибтарини Осиё барои саёҳати кӯҳнавардӣ» гардид.

Дар идома гуфта шуд, ки тибқи маълумоти оморӣ дар маҷмӯъ 306 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 190 меҳмонхона, 34 хостел ва мотел, 52 осоишгоҳ, 5 осоишгоҳи кӯдакона ва лагери солимгардонӣ, 8 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 кемпинг, 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ ба ҳисоб меравад. Аз шумораи мазкур дар шаҳри Душанбе 36 меҳмонхона, 9 хостел, мотел ва дигар намуди меҳмонхона бо иқтидори 1925 ҳуҷра ва 3720 катҳои хоб ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ хизматрасонӣ намуда истодаанд.

Ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 224 ширкати сайёҳӣ дар асоси иҷозатномаи фаъолияти сайёҳии Кумита фаъолият намуда истодаанд, ки аз ин миқдор дар ВМКБ 41 ширкати сайёҳӣ, дар шаҳри Душанбе 106 адад, Вилояти Суғд 45 адад, вилояти Хатлон 17 адад ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 15 адад рост меояд, зикр гардид дар идомаи нишасти матбуотӣ.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"