image

Баргузории ҳамоиши илмӣ - назариявӣ дар ҳошияи Қонуни ҶТ “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” дар ДМТ

date_range13.02.2024, 14:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye286

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ - назариявӣ дар ҳошияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” баргузор шуд. Дар кори он намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузорӣ, роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар оғози ҳамоиши илмӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода, аз ҷумла таъкид дошт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ки ба сиёсати дурбинонаву хирадгароёнаи Президенти мамлакат дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон робитаи зич дорад, барои тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва ҷаҳду талош баҳри фардои боз ҳам ободу дурахшони мамлакат ва некӯаҳволии рӯзафзуни халқ нақши муассир дорад.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ба неруи зеҳнии наврасону ҷавонон такя намуда, дар ин самт иқдомоти назаррасро амалӣ менамояд. Ҳамин аст, ки ба масъалаи ватандӯстӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ташаккули тафаккури шаҳрвандон дар роҳи ҳифзи манфиатҳои давлату ҳукумат ба таври алоҳида ишора мегардад, ки ба андешаи мутахассисон аз иқдому ибтикороти тоза дар ҷомеаи имрӯзаи мо маҳсуб меёбад.

Дар идомаи ҳамоиши илмӣ - назариявии омӯзгорону донишҷӯёни ДМТ, иштирокчиён оид ба мавзӯъҳои “Масъалаҳои мубрами заминаҳои ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳо дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ” баромад намуда, афзуданд, ки таъкидҳо ва роҳнамоиҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданашон ба тарбияи ватандӯстонаи шаҳрвандон ҳар як фарди ҷомеаро муваззаф месозад, ки дар ин радиф иқдом ва ташаббусҳои созандаро пеш гирад.

"ТВ Душанбе"