image

Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад

date_range14.02.2024, 09:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye313

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон, таҳкими ҳуввияти миллӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, инчунин иҷрои банди 64 Нақшаи кории МИҲД-и шаҳри Душанбе барои соли 2024, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29-декабри соли 2023, тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи таҷлили ҷашни Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расид.
Тибқи ин қарор нақшаи чорабиниҳои МИҲД-и шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардид.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"