Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Паём чун роҳнамои зиндагӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Дар ҳамоиши «Паём чун роҳнамои зиндагӣ» роҳбарияти Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе баромад намуда, зикр дошт, ки соле, ки сипарӣ гардид, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати як соли бобарор сабт гардид.
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар кишвар ва ба даст омадани ваҳдати комили мардумони мамлакат шароите ба вуҷуд овард, ки соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ рӯ ба инкишоф ёфта, дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти ҷомеаи кишвар ба вуқӯъ омад, ки ин пеш аз ҳама натиҷаи сиёсати ояндабинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар идома муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим таъкид намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ироанамудаашон ба Маҷлиси Олии кишвар самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳо оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифти иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон соҳаи варзишро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ҳисобида, ҳадафи онро оммавигардонии варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоилдат намудан ба омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад.
Дар идома, вакили маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, масъулини Раёсати тандурустии шаҳр, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе вобаста ба «Самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар ва рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар” маърӯза карданд.
Дар фарҷом ба роҳбарияти Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе барои ҳамкории судманд ифтихорномаву сипосномаҳои сохтору мақомоти марбутаи кишвар супорида шуд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ