Дар ноҳияи Фирдавсӣ даври ноҳиявии Озмуни “Кадбонуи беҳтарин” ҷамъбаст гардид
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар толори тарабхонаи Якачинори ноҳия даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид. Дар озмуни мазкур масъулини ноҳияи Фирдавсӣ, кадбонуҳои беҳтарини иштирок дошта, ҳунару маҳорати хешро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намуданд.
Даври ноҳиявии Озмуни Кадбонуи беҳтарин бо мақсади иҷрои саривақтии қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6-уми феврали соли равон «Дар бораи тасдиқи ҷадвалати баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо барои соли 2024» баргузор гардид.
Дар даври ноҳиявии озмуни мазкур дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳунармандон бо ҳунару завқи кадбонугӣ, аз ҷумла, дар пухту пази якчанд навъи таомҳои миллӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони чаҳор навоҳии пойтахт аз рӯйи номинаҳои ороиши дастархон, доштани малакаи истифода ва гузоштани зарф ва ашёи болои миз, омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ ва шом, пешниҳоди маълумот оид ба номҳои дурусти таомҳо, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо, маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир, малакаи омода намудани намудҳои гуоногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти нонӣ ба намоиш гузошта шуда, пешкаши ҳайати ҳакамон гардид.
Ҳадаф аз баргузории озмуни «Кадбонуи беҳтарин»- ин ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, парвариши эҳсоси худшиносӣ ва меҳанпарастӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ мебошад.
Аъзои хакамон бар ҳар дастурхони омоданамудаи иштирокчиён баҳои муносиб гузоштанд. Маврид ба зикр аст, ки мутобиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани озмунҳо, ки тарғибгари фарҳанги ниёгон, эҳёкунандаи мероси аҷдодии мо тоҷикон аст ва барои аз байн нарафтани як қатор расму оинҳои миллии қадима хизмат мекунанд, ба ҳусни анъана даромадааст, ки озмуни «Кадбонуи беҳтарин» аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Ҳамзамон дар ҷамъбасти озмуни мазкур маҳорати ин нафарон аз чониби ҳакамон хуб пазируфта шуда аз руи се номинатсия ба соҳаи маорифи, шаҳраку маҳалллаҳо ва соҳаи тандурустии ноҳия сазовори ҷои аввал гардида ба даври шаҳрии Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» роҳхат гирифтанд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ