image

ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ КУШОДИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ВОЛЕЙБОЛ БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ”

date_range19.02.2024, 13:53 chat_bubble_outline0 remove_red_eye361
Вобаста ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 3 феврали соли 2024, №62 Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” бахшида ба “Рӯзи Модар” дар толори муассисаи давлатии “Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ”-и шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи мусобиқа баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа Одилзода Дилбар Раҳим, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода, мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Фатҳуддин Солеҳов, мудири шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов, Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурова, Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, директори муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ»-и шаҳри Душанбе Раҳматшо Камолов, мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Саидҷалол Саидов, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Бобозода Асомиддин ва роҳбарони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.