image

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

date_range28.02.2024, 12:59 chat_bubble_outline0 remove_red_eye257
28 феврал дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи Шӯро 15 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аъзои Шӯро нахуст қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»-ро баррасӣ карданд.
Дар идомаи ҷаласа пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ҳакимзода С.А. ва Наимзода М.Н., аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Комилӣ Ф., ба вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдуллозода З.Ф., ба вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Аминзода С.Р., инчунин, оид ба додани ризоият барои аз вазифаи муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Талбакзода Д.С. ва Рофизода М.Ҳ., аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зоирзода И.О., ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Каримзода У.Р., ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Азимзода С.Б. ва ба вазифаи муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Воҳидзода Ҳ.С. мавриди муҳокимаи аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ қарор гирифта, дар ин хусус қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Инчунин, дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 муҳокима ва бо тартиби муқараргардида барои баррасӣ ба иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуд.