image

МУЛОҚОТИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ИВАН САО

date_range28.02.2024, 18:23 chat_bubble_outline0 remove_red_eye294

ш.Душанбе, 28.02.2024. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо директори минтақавии ширкати «BYD»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Осиёи Марказӣ, Иван Сао мулоқот намуданд. 
   Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «BYD»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди муҳокима қарор дода шуд. 
Вобаста ба самти фаъолияти ширкат ва имкониятҳои ду кишвар, Раиси шаҳри Душанбе ба роҳ мондани ҳамкориро дар самти рушди мошинсозӣ дар шаҳри Душанбе ба манфиати ҳар ду ҷониб арзёбӣ карданд.
   Дар мулоқот ҳамчунин доир ба роҳандозии ҳамкорӣ дар самти банду басти микроавтобусҳои барқӣ, воридоти аккумуляторҳо барои воситаҳои нақлиёти барқву дигар қисмҳои эҳтиётӣ,  воситаҳои нақлиётии боркаши барқии то 5 тонна ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо иброз гардид.