Мулоқоти Фирдавс Саидзода бо нақлиётчиён
Дар доираи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати беҳтар намудани вазъи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт, вохӯрии гурӯҳи корӣ бо кормандону ронандагони ширкатҳои нақлиётии кироявӣ доир гардид.
Қабл аз оғози мулоқоти навбатӣ муовини раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи нақлиёт Фиравс Саидзода дар якҷоягӣ бо роҳбарияти корхонаҳои нақлиётӣ бо бартарият ва дигар хусусияти элекромобилҳои нав шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки электромобилҳои тозаворид кушоду барҳаво ва бисёр бароҳат аст. Тавсия низ ин буд, ки минбаъд ба воридоти электромобилҳои дохилаш васеъ ва бароҳат кӯшиш ба харҷ дода шавад. Дар аввалин вохӯрии гурӯҳи корӣ бо ронандагон ва дигар кормандони шикратҳои кироявӣ гуфта шуд, ки моҳи март Душанбе мизбони чорабиниҳои сатҳи баланд аст ва ҳар ронанда вазифадор аст, ки ба мусофирон ва меҳмонон хизматрасонии сатҳи баланд пешниҳод кунад. Чунки баланд бардоштани нуфузи миллату давлат аз рафтор ва хизматрасонии ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ вобастагии амиқ дорад. Ҷиҳати бартараф кардани ҳолатҳои баҳснок бо мусофирон ва шикоятҳо насби камераҳо дар дохили таксиҳо зарур шуморида шуд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки ронандагони таксиҳоро зарур аст ба таври марҳилавӣ қадам ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ гузоранд. Яъне дар баробари замонавӣ шудани нақлиёти истифодаи умум ронандагон низ бояд ба хизматрасониҳои муосир рӯ оранд.
Суҳбату мулоқот бобати беҳтар намудани вазъи хизматрасонии нақлиётӣ дар пойтахт, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамлу нақли мусофирбарӣ, одоби муошират, этикаи касби ронанда, пӯшидани либоси ягона ва дигар шарту талаботии оинномавӣ дар дигар корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётӣ гузаронида мешавад.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ