Семинари ҷумҳуриявии кормандони китобхонаҳои кишвар оғоз гардид
“Китоб махзани илму маърифат”- таҳти чунин унвон дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар семинари ҷумҳуриявии кормандони китобхонаҳои кишвар оғоз гардид.
Дар доираи фестивали ҷуҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикостон” дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар машварати ҷумҳуриявии кормандони китобхонаҳои мамлакат дар мавзӯи “Китоб махзани илму маърифат” ба кори худ оғоз намуд, ки дар он олимон, шоирону нависандагон, намояндагони вазорати фарҳанги кишвар, омӯзгорон ва роҳбарону кормандони китобхонаҳои шаҳру навоҳии мамлакат иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ иштирокдорон зикр доштанд, ки татбиқи барномаҳои мушаххаси рушди соҳаи китобдорӣ, аз ҷумла, фарҳанги китобдорӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол, хоса дар даврони ҷаҳонишавӣ ва рушди мудовими технологияҳои навини иттилоотӣ хеле фоидаовар аст. Равшан аст, ки масъалаи неруманд гардонидани афроди ҷомеа бо роҳи боло бурдани сатҳи китобхонию донишандӯзии он ниҳоятан бар тавоноии фарҳанг ва забони миллӣ меафзояд ва аз ҳуҷуми фарҳанги бегона солим берун меояд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни машварат мавзӯъҳои зиёд дар бобати нақши технологиҳои иттилоотӣ дар рушди ҷомеа мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор гирифтанд.
М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ