Истиқболи Рӯзи модар дар КВД БА ҶТ «Амонатбонк»
Дар толори КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо иштироки роҳбарият ва кормандони бонк ҳамоиши тантанавии ҷашнӣ баргузор гардид. Зимни баромади масъулин таъкид шуд, ки зан-модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи некӣ аст. Зеро мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем.
Дар идома зимни баромади ширкатдорон таъкид шуд, ки бонувони тоҷик сарсупурдаву фидоии кори хешанд. Ҳам дар оила ва ҳам дар фаъолияти давлатӣ садоқату меҳрубонӣ ва фидокории зани тоҷик интиҳо надорад. Ҳоло дар Амонатбонк саҳми занону бонувон, ки беш аз 1400 нафарро ташкил мекунанд, хело назаррас аст. Ин қувваи бузург дар радифи рисолати модарӣ, дар баробари мардон дар соҳа собитқадамона фаъолият доранд. Дар раванди чорабинӣ қироати шеър дар васфи зан-модар аз ҷониби кормандони бонк ҷолиб сурат гирифт.
Дар интиҳои чорабинӣ қадрдонии гурӯҳи волейболбозон аз ҳисоби занону бонувони Бонк сурат гирифт.
Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарияти Амонатбонк дар вазъияти тантнавӣ кормандзанони фаъоли бонк дар вазъияти тантанавӣ ҳавасманд шуданд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ