image

13 март ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ паст мешавад

date_range12.03.2024, 15:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye359

Тибқи иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 13-уми март дар ҷумҳурӣ боришот ба қайд гирифта шудааст. Шабонарӯзи оянда борон бошиддат борида, дар ноҳияҳои алоҳида бо гузариш ба барфи тар дар назар дошта шудааст.

Ҳавои моҳи марти соли 2024 ба ҳавои моҳи марти соли 2007 монанд аст. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа пасттар пешгӯйӣ мегардад. Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯянд, рӯзи 13 март ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ то 10-12º паст шуда, 14 март дар минтақаҳои доманакӯҳию кӯҳии ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ (НТҶ), роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) сар задани зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест. Рӯзи 13 март дар водиҳо ва ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон, НТҶ ва ноҳияи Дарвози ВМКБ сар задани зуҳуроти сел пешгӯйӣ мешавад. Шабонарӯзи оянда бо сабаби ба амал омадани боришот дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об дар назар аст.

Бо сабаби боришоти зиёди борон ва нисбатан сард шудани ҳарорати ҳаво 13-уми март эҳтимоли омадани сел дар маҳалла ва ноҳияҳои водӣ ва кӯҳӣ пешгӯйӣ мешавад. Дар баландкӯҳҳо асосан барф меборад. Қаблан андешидани чораҳои зарурӣ дар вазъи номусоиди обу ҳаво ба фоидаи кор хоҳад буд.

Ҳарорати ҳаво рӯзи 14 ба 15-уми март дар ҷумҳурӣ муътадил шуда, то 20 дараҷа гарм пешгӯйӣ мешавад. Аз 14 то 18-уми март ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст.

Сари вақт тоза кардани каналу селпартоҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе масъулияти кормандони сохторҳои коммуналии пойтахт ба шумор меравад. Дар робита ба боришот ва рӯзҳои тағйирёбии ҳарорати ҳаво Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват менамояд, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро ба сафар омода созанд ва то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"