Баргузории фестивали «Сайри гули лола» дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми декабри соли 2023 ва вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи баргузор намудани фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.
Фестивали гулҳо дар шаҳри Душанбе аз ҳафтаи сеюми моҳи март то ҳафтаи дуюми моҳи апрели соли 2024 баргузор карда мешавад. Дар асоси ин қарор Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба баргузории фестивали «Сайри гули лола» дар шаҳри Душанбе ва ҳайати комиссияи шаҳрӣ ба хотири муайян кардани ғолибон ташкил карда шудааст.
Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати дар сатҳи ноҳия баргузор намудани ҳамин гуна фестивал ва то 18-уми марти соли 2024 ҷамъбаст намудани натиҷаҳои он тадбирҳои зарӯрӣ андешанд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ