image

Таҷлили Рӯзи матбуот дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

date_range14.03.2024, 10:03 chat_bubble_outline0 remove_red_eye149

Дар толори шӯрои олимони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 112 – солагии таъсиси аввалин нашрияи тоҷикӣ - «Бухорои шариф» ва Рӯзи матбуоти тоҷик, Конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид.

Дар Конференсияи илмӣ - назариявӣ олимону устодон ва донишҷӯён иштирок доштанд. Роҳбарияти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳозиринро бо Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуда, изҳори дошт, ки оғози фаъолияти матбуоти тоҷик аз рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф» сарчашма мегирад. “Бухорои шариф” сароғози матбуоти миллии тоҷик ба шумор рафта, бо ибтикор ва ташаббуси фарзона фарзандони миллати тоҷик: Мирзо Муҳиддин Мансурзода ва Мирзо Сироҷи Ҳаким рӯйи кор омадааст. Гуфта шуд, ки матбуоти тоҷик имрӯз ҳам чун асри гузашта, рисолати худро содиқона иҷро карда истодааст.

Дар Конференсияи илмӣ-назариявӣ олимону устодон вобаста ба рушди фаъолияти ВАО дар Тоҷикистон дар мавзӯоти гуногун маърӯзаҳо карданд. Қайд гардид, ки қаламкашони кишвар ҳамасола иди касбии худро дар рӯзи тақвимӣ ҷашн мегиранд, ки ин ибтикор аз таваҷҷуҳи Роҳбари давлат гувоҳӣ медиҳад. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода соли 1997 кафедраи рӯзноманигори телевизион таъсис ёфт, ки хатмкардагони ин донишкада имрӯз сарбаландона пайи хизмат ва халқу меҳан ҳастанд. Гуфта шуд, ки пайваст шудани матбуоти чопӣ ба интернет ва саҳифаҳои он талаби давру замон аст ва дар ин самт матбуоти тоҷик қадамҳои устувор мегузоранд.

Дар фарҷоми Конфронс чанд нафар фаъолон дар риштаи рӯзноманигорӣ барои гузоштани саҳми назаррас дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва оромиву суботи ҷомеа бо Сипосномаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода қадрдонӣ гардиданд.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"