image

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТ ҶИҲАТИ ВУСЪАТ БАХШИДАНИ ҲАМКОРИҲО БО СОҲИБКОРОНУ САРМОЯГУЗОРОН

date_range15.03.2024, 11:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye180

Бо мақсаи иҷрои банди 28-и нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати «Вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо соҳибкорону сармоягузорон, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, имтиёзҳо ва мушкилотҳои ҷойдошта» дар пойтахт семинар-машварат баргузор гардид. Чорабинӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ташкил шуд.

Семинар-машварат дар мавзӯи «Вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо соҳибкорону сармоягузорон, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, имтиёзҳо ва мушкилотҳои ҷойдошта» зери роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ сурат гирифта, дар кори он муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати тарифи гумрукӣ ва арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси бонки Миллии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорон ва намояндагон аз вазорату идораҳои дахлдор ширкат намуданд.

Зимни суханронӣ зикр шуд, ки аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар, бахусус аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба дастгирии соҳибкорӣ, ҳавасмандӣ дар давоми солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста вохӯриву мулоқотҳо баргузор карда мешаванд. Ин навбат низ семинар-машварати мазкур ҷиҳати рушд бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ, сармоягузорӣ дар пойтахт бахшида шудааст. Феълан дар пойтахт Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ таъсис ёфтааст, ки он баҳри ҳавасмандгардонӣ ба соҳибкорон қарзҳои имтиёзнокро пешкаш менамояд.

Дар идома масъулин вобаста ба ҷиҳати равнақ бахшидани фаъолияти сармоягузорӣ, сабукиҳои андозӣ, вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмии гумрукӣ сухан гуфтанд.

Зикр шуд, ки соли 2023-юм пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби низоми бонкӣ дар муқоиса бо соли 2022-юм 31,1 фоиз афзоиш ёфта, ба 18,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда 32,1 фоиз зиёд гардида, 13,3 миллиард сомониро ташкил дод. Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд. Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид.

Дар охир миёни масъулин ва иштирокчиёни семинар-машварат муколамаи озод сурат гирифт, ки ширкунандагон ба саволҳои додаи худ посух гирифтанд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"