
Вохӯрии масъулини соҳаи нақлиёт бо ронандагони шикратҳои “Нақлиёт”, “Осиё Гурӯҳ” ва “Сорбон 14”
Нақлиёти барқӣ дар муқоиса бо мошинҳои тавассути сӯзишворӣ ҳаракаткунанда аз лиҳози самаранокии иқтисодӣ вобаста ба арзиши истифодаи неруи барқ бартарӣ дорад. Хизматрасонии техникӣ ва нигоҳдории электромобилҳо дар қиёс бо воситаҳои нақлиёти маъмулӣ арзиши камтаринро талаб намуда, ҳангоми истифода ва ё хизматрасонӣ ба шаҳрвандон бо сатҳи пасти садо сафари бароҳатро барои мусофирон таъмин менамояд.
Дар ибтидои суҳбату мулоқот бо ронандагон нақлиёти кироявӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи нақлиёт, Фирдавс Саидзода дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи корӣ бо афзалият ва дигар хусусияти электромобилҳои нав шинос шуданд. Роҳбарони ширкатҳои таксӣ иттилоъ доданд, ки электромобилҳои тозаворид кушоду бароҳат ва мутобиқ ба талаботу қоидаҳои ҳамлу нақли мусофир ва бағоч аст. Тавсия низ ин буд, ки минбаъд ба воридоти электромобилҳои дохилаш васеъ ва бароҳат кӯшиш ба харҷ дода шавад.
Чорумин вохӯрии масъулини соҳаи нақлиёт бо ронандагони шикратҳои “Нақлиёт”, “Осиё Гурӯҳ” ва “Сорбон 14” ҷараён гирифт.
Дар рафти вохӯрӣ муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе, сардорони ШБДА РВКД ва Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе суханронӣ карданд.
Дар вохӯрӣ бо беш аз 200 нафар ронандагони нақлиёти кироявӣ аз 3 ширкати “Таксии Душанбе” гуфта шуд, ки тибқи ҳисоботи оморӣ аз соли 2015 то кунун мусофирони таксӣ дар шаҳри Душанбе 3 маротиба зиёд шудааст.
Тақозо гардид, ки ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ вазифадоранд, ки бо либоси махсуси корӣ ва риояи қоидаҳои тозагию санитарӣ ба кор бароянд. Ҳангоми равуо ба дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ халал нарасонанд, барои таъмин кардани бехатарӣ дар дохили мошин камераҳои насб кунанд ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд. Аз роҳбарони ширкатҳои таксӣ даъват карда шуд, ки барои таъмин кардани иҷроиши Консепсияи гузаштан ба нақлиёти барқӣ дар шаҳри Душанбе корҳоро тақвият бахшанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ронандагон ба суолҳои бешумори худ дар самти роҳу нақлиёт аз роҳбарони сохторҳои нақлиётии пойтахт ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ