image

Якумин Форуми ҷонибҳои манфиатдор доир ба муаррифии лоиҳаи қаблии Шарҳи ихтиёрии маҳаллии шаҳри Душанбе

date_range19.03.2024, 11:45 chat_bubble_outline0 remove_red_eye175

Дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва шарикони рушди Тоҷикистон якумин Форуми ҷонибҳои манфиатдор доир ба муаррифии лоиҳаи қаблии Шарҳи ихтиёрии маҳаллии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Якумин Форуми ҷонибҳои манфиатдор доир ба муаррифии лоиҳаи қаблии Шарҳи ихтиёрии маҳаллии шаҳри Душанберо Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон ва намояндагони доимии СММ дар Тоҷикистон ифтитоҳ бахшиданд. Қайд карда шуд, ки шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз аввалин шаҳроест, ки Шарҳи ихтиёрии маҳаллии худро оид ба дастовардҳои рушд ва ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди устувор дар арсаи байналмилалӣ пешниҳод мекунад. Дар таҳияи шарҳи мазкур Душанбе ба таҷрибаи миллӣ пайравӣ намуда, дар ин раванд муколамаи озод ва созандаи ҷонибҳои манфиатдорро ҳамчун замина барои рушди ҳамкориҳои бисёртарафа, таҳким бахшидани мавқеи кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҷалби шарикони наву сармоягузориҳо истифода мебарад.

Зикр гардид, ки рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор барои давраи то соли 2030 ба ҳуҷҷати асосии стратегии шаҳр, яъне Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 пурра ҳамгироӣ карда шудааст.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби коршиноси байналмиллалӣ оид ба шарикӣ ва менеҷменти барномавӣ (UN Habitat) ташаббусҳо ва тамоюлҳои умумиҷаҳонии таҳияи шарҳи ихтиёрии маҳаллӣ, коршиноси миллии Академияи миллии илмҳо, сохтор ва раванди таҳияи Шарҳи ихтиёрии маҳаллии «Душанбе: ояндаи ҳушманд ва устувор” муаррифӣ гардиданд.

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, таълимӣ, бахши хусусӣ, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд дастовардҳо ва масъалаҳои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар пойтахти кишвар баррасӣ ва мавриди муҳокима қарор дода, таклифу пешниҳодҳои худро ба сохтор ва мундариҷаи Шарҳи ихитиёрии маҳаллӣ, мавзуъҳои баррасишаванда ва самтҳои афзалиятноки рушди шаҳр манзур намуданд.

Дар анҷоми ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шарикони рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва ВАО ҷиҳати иштирок ва ҳамкории фаъол дар ин раванд омодагӣ изҳор гардид.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"