
Дар “Кохи Суруш”-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Озмуни "100 чеҳраи муваффақ" баргузор гардид
Бори нахуст дар пойтахт бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии байналмиллалии "Маркази рушди зеҳнӣ" маросими ҷоизасупории Озмуни "100 чеҳраи муваффақ" баргузор гардид, ки ҳадаф аз таъсиси ин ҳамоиши сатҳи баланд дарёфти чеҳраҳои наву муваффақ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Ғолибони озмуни мазкур аз рӯи ду категория вобаста ба 11 номинатсия муайян шуда бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд. Нахуст ҷоизаи аввали ифтихорӣ ба Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ тақдим гардид. Сипас, аз рӯи наминатсияҳои "Илм ва маориф", "Тарғиби ғояҳои миллӣ", "Ҷавонон ва варзиш", "Ихтироъкориву барномасозӣ", "Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа", "Соҳибкорӣ", "Журналистика", "Фарҳанг ва санъат", Тибб" ва "Соҳибкорӣ" ғолибон Озмуни "100-чеҳраи муваффақ" бо мукофоту тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Лозим ба зикр аст, ки ҳамакнун озмуни мазкур ҳамасола баргузор гардида, дар он нафароне, ки дар касбу кори худ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, мукофотонида мешаванд. Ҳамзамон баҳри болидарӯҳии иштирокчиён аз ҷониби дастарандаркорон чорабинии хуби фарҳангӣ манзур карда шуд, ки писанди аҳли толор гардид.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ