
Тантанаи ҷашнгирӣ аз Наврӯзи байналмилалӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо ташкили як ҳамоиши ҷашнӣ ба муносибати Наврӯзи аҷам ва ба ҷо овардани анъанаву суннатҳои ниёгон роҳбарияту кормандон, устодон ва магистрантону донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон наврӯзи байналмилалиро пешвоз гирифтанд.
Дар оғози ҳамоиш Роҳбарияти Академия ва собиқадори хизмати давлатӣ, аз намоиши расму русуми ниёгон ки аз ҷониби омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёну магистрантони муассисаи мазкур ташкил шуда буд дидан карданд. Дар намоиш хӯрокҳои миллии ба ин ҷашн хос пешниҳод гардида, расму оинҳои гузаштагони миллати тоҷик ба ҷо оварда шуд.
Дар қисмати расмии ҳамоиш Даврон Сафарзода - ректори Академияи идоракунии давлатӣ аз мафҳуму муҳтавои ҷашни аҷдодии наврӯз ёдовар шуд. Қайд гардид, ки ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ яке аз маросимҳои суннатии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад, ки бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст. Ҳамчунин гуфта шуд, ки Ҷaшни Нaврӯз, ки дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон бa шaрофaти Истиқлоли дaвлaтӣ вa сиёсaти фaрҳaнгпaрвaронaи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон бо тaмоми ғaновaту рaнгорaнгии он эҳё гaрдид, ҳоло бa ҷaшни милливу дaвлaтии мо – тоҷикон вa рaмзи худшиносиву ифтихори миллӣ, вaҳдaту ҳaмдилии мaрдум вa пaйвaнди нaслҳо тaбдил ёфтaaст.
Дар идома ғолибони озмунҳои умумиакадемиявии “Модар – фариштаи рӯйи замин” ва “Модарнома”, ки қаблан бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташаккул ва такмил додани ҳисси ватандӯстӣ, зебоипарастӣ, дӯст доштан ва иззату ҳурмати модар, ифтихорӣ миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ миёни донишҷӯёни факултетҳои Академия баргузор гардида буд, бо диплом сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон ғолиби озмуни наврӯзии “Наврӯзи фаррухпай” барои оростани хони идона, риояи расму русм ва анъанаҳои наврӯзи аз ҷониби комисссия муайян ва бо диплом сарфароз гардонида шуданд.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавон, ҳунармандони касбӣ ва дастаи ҳаваскарони Академия аз ҳисоби донишҷӯён намоиши театрикунонидашуда ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз манзури ҳозирин гардонида шуд, ки дар ҷараёни он анъаноти миллӣ, расму ойини наврӯзӣ ва эҳсоси меҳандӯстиву ифтихор аз гузаштаи пуршарафи миллатамон тараннум гардид.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ