image

НАВРӮЗИ АҶАМ БА ИН МАКОН ОМАДААСТ!!!

date_range21.03.2024, 07:37 chat_bubble_outline0 remove_red_eye154
ш.Душанбе. 21.03.2024. Субҳи имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Муассисаи давлатии “Боғи Ғалаба” баҳри пос доштани расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла пухтани суманак, тайёр кардани ҳар гуна таомҳои баҳорӣ, оростани гулхани ҷашнӣ ва баргузории дигар суннатҳо фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд.
Дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ корвони наврӯзии чор ноҳияи шаҳр бо рамзҳои наврӯзии Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон бо руҳияи баланди саршори шукгузорӣ аз сарзамини шукуфону гулфишони Тоҷикистон аз чор самт вориди базмгоҳҳои наврӯзӣ гардида, ба сокинону меҳмонон аз фарорасии Соли нави аҷдодӣ хабар медоданд.
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар тамоми қаламрави пойтахт, ноҳия, маҳалла ва шаҳракҳо тавассути барномаҳои пуршукӯҳи идона, баргузории барномаҳои ҳунарӣ бо ҳисси ифтихор аз ватандорию шукуфоии кишвар, арҷ гузоштан ба мероси пурғановати ниёгону шукургузории сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди худшиносию меҳанпарастии кулли сокинони мамлакат сурат гирифт.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"