Баргузории ҳамоиш дар мавзӯи “Таҳдидҳои нави геополитикӣ ба Истиқлоли давлатӣ” дар Академияи идоракунии давлатӣ
Бо ташаббуси кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи факултети дипломатия ва сиёсат дар якҷоягӣ бо шуъбаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ҳамоиш дар мавзӯи “Таҳдидҳои нави геополитикӣ ба Истиқлоли давлатӣ” баргузор карда шуд. Дар ҷараёни ҳамоиш ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёну магистрантон иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки дар Барои давлатҳои миллӣ, ки аз соҳибихтиёриашон солҳои тӯлонӣ сипарӣ нагардидааст, фазои кунунии геополотикии сайёра хатари бевоситаи нобудиро соҳиб мебошад. Зеро аввалин ҳадафи қудратталабони ҷаҳониро маҳз захираҳои бойи табиӣ, бозори одатан берақобат ва қувваи арзони кории ин мамлакатҳо ташкил менамояд.
Иброз шуд, ки ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои фарҳангиву таърихии давлату миллат дар чунин шароити басо дувшори сиёсиву амниятӣ зиракӣ ва ҳушёрии бештарро тақозо намуда, аз ҷомеа оштинопазириро бар муқобили ҳама гуна ҷаҳолату хурофот талаб менамояд. Сарвари давлат зимни мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин масъалаи мазкурро таҳлил намуда, иброз доштанд, ки Истиқлоли давлатӣ рӯйдоди бузурги таърихиву сарнавиштсоз ва муқаддастарин неъмати халқамон мебошад.
Дар идома қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон хатар ва оқибати фаъолияти ҳама гуна рӯйдоду падидаҳои ҷаҳони муосир аз қабили бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ ва густариши бесобиқаи терроризму экстремизми диниро ба хубӣ дарк намуда, бо мақсади пешгирии таъсири оқибатҳои манфии он ва ҳифзи Истиқлолу озодӣ ва ваҳдату ягонагии мамлакат пайваста талош менамоянд.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ