image

Ҳамоиш доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат бо сокинони маҳаллаи Қуштеппа 2

date_range29.03.2024, 14:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye166

Дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №119 ҷиҳати шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ ва Соли «Маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 аз ҷониби Сарвари давлат бо сокинони маҳаллаи Қуштеппа 2-и ноҳия ҳамоиш доир карда шуд.

Дар мулоқоти навбатие, ки ҷиҳати тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Пешвоими миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ ва Соли Маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 бо сокинону истиқоматкунандагони маҳаллаи Қуштеппа 2-и ноҳияи Фирдавсӣ доир гардид, намояндаи Ҳукумати ҶТ, Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, намояндагони Марказии исломшиносии Тоҷикистон, МИҲД ноҳияи Фирдавсӣ ва масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ иштирок ва суханрони намуданд.

Зимни баромади хеш намояндаи Ҳукумати ҶТ қайд намуд, ки танҳо дарки муносиби муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» метавонад асосҳои захиравии ҷомеаро барои баромадан ба сатҳи нави рушду пешрафт бар зидди буҳронҳои шадиди ҷаҳони имрӯза равона намояд.

Мавзӯҳои дигаре, ки баррасӣ шуд, ин баланд бардоштани сатҳу сифати тарбия, тақвияти мубориза барзиди хурофот, пешгирии ифротгароӣ ва таассуби динӣ, истифодаи ба манфиати шабакаҳои иҷтимоӣ, огоҳонидани мардум аз оқибатҳои ҳуқуқии истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва таъсири манфии ҷаҳлу хурофот дар ташакулли мафкураи ҷавонон буд.

Ҳамзамон дар идома ширкатдорон бобати эълон гардидани соли 2024 ҳамчун соли “Маърифати ҳуқуқӣ” ба ҳозирин маърӯза карданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"