image

Рӯзи даъватшаванда дар шаҳри Душанбе

date_range01.04.2024, 14:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye368

Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №158 аз 20.03.2024 «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 ба хизмати ҳарбӣ» дар Амфитеатр маросими даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таҳти унвони - «Рӯзи даъватшаванда» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини аввали Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Собирзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, масъулини сохторҳои соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, тандурустӣ, маориф, роҳбарони комиссариатҳои ҳарбии шаҳр ва ноҳияҳои он, ихтиёриёни ҷавон, ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ва волидайни онҳо иштирок доштанд.

Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини раиси шаҳри Душанбе, раиси Комиссияи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе табрикот ва изҳори миннатдории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба падару модарони даъватшавандагон расонид. Гуфта шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон мактаби муқаддаси ҳаёт мебошад. Ҷавонони сарбаланди тоҷикро мебояд ба Ватан содиқона хизмат намуда, барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодиамон бо ҳушёрию далерӣ ва мардонагӣ омода бошанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Меҳмонону ҳозирин зимни суханрониҳои худ аз дастгириҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтори низомии кишвар ёдоварӣ карда, таъкид намуданд, ки барои рӯз аз рӯз беҳтар шудани шароити хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҳамасола тадбиру иқдомоти созанда роҳандозӣ мегардад, ки ҳамаи ин кӯшишҳо дар таҳкиму тақвияти иқтидори мудофиавии мамлакат заминаи мукаммал мегузарод.

Дар маросими «Рӯзи даъватшаванда» ба даъватшудагон аз чор ноҳияи пойтахт, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро омӯхтаанд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок андешида истодааст, ки бо дарназардошти таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳи кишвар сол то сол сафи ихтиёриёни ҷавон ба хизмати ҳарбӣ меафзояд. Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши машқҳои ҳарбӣ - варзишӣ иҷро карда шуд, ки писанди ҳамагон гардид.

Чун анъана дар «Рӯзи даъватшаванда» маросими «Нонгазон» сурат гирифт. Модар бо фарзандаш ба саҳна баромада, ба тамоми даъватшавандагон дуои нек дода, орзуи тинҷиву оромии кишвар ва саломат баргаштани ҷавонон аз хизматро кард. Сипас даъватшаванда ҳамсолони худро табрик намуда, қавл дод, ки содиқона ба Ватан-Модар хизмат мекунад.

Дар анҷоми маросими “Рӯзи даъватшаванда” баҳри болидарӯҳии наваскарон аз ҷониби ҳунармандони Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ пешниҳод гардонида шуд.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"