Баргузории Рӯзи даъватшаванда дар Комисариати ҳарбии ноҳияи Сино
Ба муносибати Рӯзи даъватшаванда дар Комисариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино чорабинии фарҳангӣ дар сатҳи баланд ташкил карда шуд.
Зиёда аз 150 нафар ҷавонони фаъоли ноҳияи Сино ихтиёран ба Комисариати ҳарбӣ ҳозир шуда, барои дохил шудан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза доданд. Бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, навдаъватшудагон ва падару модарони онҳо чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар фазои он навдаъватшудагон дар якҷоягӣ бо волидони худ рақсу хурсандӣ намуданд. Имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қисмҳои низомии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат шароити зарурии буду боши хизмат барои афсарону сарбозон муҳайё карда шудааст.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, раиси комиссияи даъват, роҳбарияти комисариати ҳарбии ноҳияи Сино ва навдаъватшудагону падару модари онҳо баромад намуда, зикр намуданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард ба шумор меравад. Аз ин рӯ бояд ҷавонон бо дарки баланди масъулияти ватандориву меҳанпарастӣ ба Сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, барои ҳимояи марзу бум адои хизмат намоянд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавон ба ҳисоб рафта, он ҳамчун мактаби обу тоб ва мардонагӣ дониста мешавад. Волидони навдаъватшудагон зимни баромади худ таъкид намуданд, ки бояд мо фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем то ки онҳо ҳамеша барои ҳимояи Ватан омода бошанд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ