Ғолибони мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди “Каратэ-до” муайян гардиданд
Аз 28-уми март то 1-уми апрели соли 2024 миёни варзишгарони ҷавону наврас аз мактабҳои варзишии Федератсияи “Каратэ-до”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур мусобиқа аз рӯйи ин намуди варзиш баргузор шуд. Баъди сипарӣ шудани ҳамаи марҳалаҳои сабқат маросими ҷоизасупорӣ доир гардид.
Дар маросими ҷоизасупорӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва ғолибони мусобиқа ширкат намуданд. Зимни баромади масъулин қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамчун ҳизби пешоҳанг ва ташаббускор барои наврасону ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, омода намудани варзишгарони касбӣ, аз ҷумла ҳама навъҳои варзишҳои олимпӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад ва ба ҷалби ҳарчи бештарин наврасону ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад.
Гуфта мешавад, ки баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ миёни ҷавонону наврасон бисёр ҳам иқдоми муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад ва ҷалби бештари мардум, махсусан насли ҷавон ба варзиш метавонад яке аз омилҳои пешгирӣ аз гаравиши онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ва экстремистию террористӣ гардад.
Дар идомаи чорабинӣ ғолибони мусобиқа бо медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ карда шуданд. Мавриди зикр аст, ки дар мусобиқаи варзишии мавриди назар наврасону ҷавонони варзишгари аз 6 сола то 15 сола аз рӯйи 8 вазн ба қайд гирфта шуда, барои касби ғолибият миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ