Ба муносибати "Рӯзи пойтахт" Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе баргузор мегардад
20 апрели соли 2024 дар пойтахт Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе, ба муносибати “Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе” баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.
Дар ин замина Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба баргузории Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе ба муносибати «Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе», ҳайати Кумитаи тадорукот, низомнома ва харҷномаи он тасдиқ гардидааст.
Дар асоси нишондоди ин қарор Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вазифадор шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт барои ташкили Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе мутобиқи харҷномаи замимагардида 546860 сомонӣ ба шуъбаи муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
Кумитаи тадорукот муваззаф шудааст, ки дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ доир намудани чорабинӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ