image

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ба ҳашари шанбегӣ баромаданд

date_range08.04.2024, 09:37 chat_bubble_outline0 remove_red_eye263

Чун дигар рӯзҳои истироҳатӣ ин ҳафта низ масъулин ва аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ба ҳашари шанбегӣ баромада дар таъмини муҳити экологӣ саҳми назарраси хешро гузоштанд. Дар ин рӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар минтақаи 101 ва маҳаллаи Чорякорони ноҳияи Сино корҳои ободониро ба роҳ монданд.

Бояд зикр намуд, ки сабзу хуррамгардонӣ, гулзору шодобкорӣ, зебову ободкории маҳал, кӯчаву хиёбон ва шаҳру деҳот аз анъанаи қадимии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Имрӯз ин анъанаи қадимиву таърихии тоҷикон таҳти ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома дода мешавад, ки намунаи олии он талошу тадбирҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хеле назаррасу шоистаи ситоиш аст.

Дар шанбегии дастаҷамъи роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, кормандони Кумита, фаъолони ҲХДТ дар ноҳия ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” минтақаи 101-и ноҳия бехи дарахтонро нарм намуда, ҳаргуна партовҳои сахти маиширо аз дохили майдончаи варзишӣ ҷуйборҳои атрофи биноҳои истиқоматӣ, ва дигар маконҳо ба берун бароварданд.

Ёдовар мешавем, ки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳар ҳафта бо истифода аз рӯзҳои истироҳати чунин амалҳои ободкориро дар ҳудуди ноҳия анҷом дода, дар оянда низ нақша доранд, ки ин гуна ташаббусҳои ободониву созандагӣ, хуррамгардонии пойтахти азизамон шаҳри Душанберо баргузор намуда, ба ин васила саҳми худро дар ободонӣ ва сарсабзу хуррамгардонидани пойтахт гузоранд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"