image

Мулоқот вобаста ба пешгирии амалу кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта

date_range08.04.2024, 10:06 chat_bubble_outline0 remove_red_eye262

Дар заминаи фаъолияти Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Шӯрои ноҳиявии ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суистеъмоли маводи нашъадоор дар н.Фирдавсӣ бо иштироки масъулин пайваста мулоқоту чорабиниҳои судманд дар ҳудуди ноҳия ташкилу баргузор карда мешавад.

Мулоқоти навбатӣ дар робита ба ин масъала дар толори Маркази саломатии шаҳрии №1 гузаронида шуд, ки дар он кормандони сохторҳои марбута ва табибони ин муассисаи тандурустии ноҳияи Фирдавсӣ ширкат доштанд. Дар ин ҷамъомад намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар раванди мулоқот вобаста ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва хатару оқибатҳои ногувори он дар мулоқот ширкатдорон баромад намуданд. Зикр шуд, ки дар ин самт бояд ҳамагон масъулият эҳсос намоянд ва барои пешгирии омилҳои мусоидаткунанда ба коррупсия саҳмгузоранд. Татбиқи раванди иҷрои Стртегияи давлатии муқовимат ба корупсиядар ҶТ барои давраи то соли 2030, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ барои солҳои 2021-2025, Стратегияи миллӣ оид назорати маводи маводи нашъаовар дар ҶТ барои солҳои 2021-2030 аз ҷумлаи мавзӯҳои баррасишуда дар кори ҳамоиш буд, ки дар раванди он масъулини сохторҳои марбута бо маъруза баромад намуданд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"