image

Дар шаҳри Душанбе курси омӯзишии «Бонуи ҳунар» оғоз гардид

date_range15.04.2024, 11:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye364

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо занон ва оила баҳри занону бонувон аз оилаҳои камбизоат курси омӯзишии «Бонуи ҳунар» оғоз карда шуд.

Дар маросими ифтитоҳии курси омӯзишӣ роҳбарияти Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе, КВД “Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе” ва 51 нафар ҷавондухтарону занон аз оилаҳои ниёзманд, ки ба курси омӯзишии «Бонуи ҳунар» фаро гирифта мешаванд, иштирок намуданд.

Дар ҷараёни маросими ифтитоҳии курси омӯзишӣ зикр шуд, ки дар доираи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2023 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2024» ва ҷиҳати иҷрои банди 9 нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар шаҳри Душанбе, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 26 июли соли 2021, №434 тасдиқ гардидааст, Раёсати кор бо занон ва оила ҷиҳати ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону бонувон ва фароҳам овардани шароити муносиби иҷтимоӣ барои оилаҳои ниёзманд дар КВД “Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе” курси омӯзишии «Бонуи ҳунар»-ро баргузор менамояд, ки ба касбомӯзон муддати як моҳ аз ҷониби ҳунармандони чирадаст ҳунарҳои дӯзандагӣ ва қаннодӣ омӯзонида шуда, баъди хатми курси мазкур ба онҳо шаҳодатномаҳои касбӣ супорида мешавад.

Бояд қайд намуд, ки курсҳои омӯзишии “Бонуи ҳунар” аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бори дувоздаҳум аст, бо фарогирии 730 нафар занону ҷавондухтарон аз оилаҳои ниёзманди пойтахт ташкил гардида, устодони ботаҷриба ҳунарҳои қаннодӣ, зардӯзӣ, дӯзандагӣ, попурдӯзӣ ва инчунин қолинбофиву гулдӯзиро ба касбомӯзон омӯзонида, дар ҷамъбасти курсҳо ба соҳибкасбон барои фаъолияти минбадаашон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи касбӣ супорида шуд.

Ҳунару ҳунармандӣ рукни асосии фарҳанги миллӣ буда, волотарин дастоварди аҳли башар мебошад, ки, дар доираи фаъолият, кору рӯзгор, суннату анъанот, мақому манзалати ҳар миллатро муайян ва мартабаи давлатро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад.

Ҳадафи асосии курси мазкур соҳибкасб гардонидани занону духтарони хонашин, эҳё намудан ва густариш додани ҳунарҳои аҷдодӣ, ташаккули фарҳанги хонавода, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини ҷойҳои нави корӣ, алалхусус, барои бонувону ҷавондухтарон мебошад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"