image

Маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Устод Айнӣ ва адабу фарҳанги миллӣ»

date_range16.04.2024, 11:25 chat_bubble_outline0 remove_red_eye321

«Устод Айнӣ дар тамоми асарҳояш номи тоҷик ва ҳувияти миллии тоҷиконро махсус таъкид мекард». Ин нукта имрӯз аз ҷониби роҳбарияти факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи маҳфили илмӣ – адабие, ки таҳти унвони «Устод Айнӣ ва адабу фарҳанги миллӣ» дар толори Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода доир гардид, баён шуд.

Ҳамоиш бо ибтикори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи донишгоҳ бахшида ба гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ созмон дода шуда, дар он айнишиносон, устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Дар нишаст, устодону пажӯҳишгарон ва профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ дар мавзӯҳои гуногун аз ҷумла мавзӯи «Як ҳуҷҷати нодир оид ба ду шахсияти бузург» маърӯза намуданд.

Таъкид гардид, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳматҳои устод Садриддин Айнӣ бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Инчунин, дар маросими ифтитоҳи боғи навбунёди Айнӣ Сарвари давлат изҳор доштанд: «Дар андеша ва осори устод Айнӣ масъалаи ташаккули ҳувият ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ дар ҷойи аввал қарор дошт».

Дар ҷараёни мафҳил донишҷӯёни факултет аз осори устод Айнӣ шеърҳо қироат карданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"