image

Баргузории Форуми байналмилии “Арзишҳои анъанавии халқҳои Шарқ ва ҷаҳони муосир”

date_range16.04.2024, 11:42 chat_bubble_outline0 remove_red_eye209

Дар робита ба «Рӯзи байналмилалии фарҳанг», ки ҳамасола 15-уми апрел дар бештари давлатҳои дунё таҷлил карда мешавад, дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, Форуми байналмилалии «Арзишҳои анъанавии халқҳои Шарқ ва ҷаҳони муосир» доир гардид.

Дар кори он намояндагони корпусҳои дипломатӣ, институтҳои шарқшиносӣ, марказҳои фарҳангӣ, файласуфон, номзадони илм, олимону донишмандон як қатор кишварҳои хориҷӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Меҳмонон дар баромади худ аз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва барқарорсозии фарҳангу арзишҳои миллӣ, тарғиби он ба ҷаҳониён, пос доштани хотираи неки ниёгон, тарбияи насли ҷавон дар чунин рӯҳияи нек ёдовар шуда, мусоидат ба баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлати тоҷикон маънидод карданд.

Иштирокдорон аз арзишмандии илмӣ ва паҳлуҳои пажуҳишии ҷашнҳои миллӣ, зарурати гиромидошт ва ҳифзи арзишҳои анъанавии халқу миллатҳо таъкид намуданд.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"