image

«Шаҳри зебоӣ ман-Душанбе». Фестивали мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, санъат ва рассомии шаҳри Душанбе

date_range17.04.2024, 11:25 chat_bubble_outline0 remove_red_eye234

Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Шаҳри зебоӣ ман-Душанбе» фестивали мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, санъат ва рассомии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Қабл аз оғози чорабинӣ иштирокчиён аз намоиши мактабҳои рассомии шаҳри Душанбе дидан намуданд.

Дар фестивали мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, санъат ва рассомии шаҳри Душанбе, ки дар толори Раёсати фарҳанги МИҲД шаҳри Душанбе баргузор гардид, намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ва мактабҳои мусиқии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Суруд бо номи “Душанбе” дар иҷрои ҳамсароёни Мактаби бачагонаи мусиқии №1 ба номи Чайковский, суруд бо номи «Бе хоки Ватан ҳеҷам» дар иҷрои хонандаи Мактаби бачагонаи мусиқии №5 ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ, сурудҳо бо номи – «Завқам меояд, Барачаи якрав, Бозича, Модар, Табиати зебо, Гулбоғ-Душанбеям, Навои Шарқ ва Душанбе-Тоҷикистон-Ватан»-ро иҷро намуданд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"