image

Намоиши ҷашнӣ таҳти унвони «Шаҳри Душанбе-аз дирӯз то имрӯз» дар Осорхонаи миллӣ

date_range17.04.2024, 11:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye310

Дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ба ифтихори «Рӯзи Пойтахт» намоиши ҷашнӣ таҳти унвони «Шаҳри Душанбе – аз дирӯз то имрӯз» баргузор гардид.

Дар намоиш аз Фонди Осорхонаи миллӣ 110 адад ашёи осорхонавӣ, аз қабили бозёфтҳои бостоншиносӣ, сиккаҳо, мусаввараҳо, аксҳои таърихии шаҳри Душанбе, лоиҳаву амсилии биноҳои навбунёди шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта шудаанд, ки онҳо таърихи кӯҳан ва пурифтихори шаҳри Душанберо дар масири таърих инъикос менамояд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"