image

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range20.04.2024, 11:36 chat_bubble_outline0 remove_red_eye172
ш.Душанбе. 20.04.2024. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии “Аҳорун”- и пойтахт ба ифтихори Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Ту қалби Тоҷикистони, Душанбе”, бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва сокинону меҳмонони пойтахт баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ нахуст бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Табарзода Ҷамшед баромад намуда, иштирокчиёнро аз номи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ хайрамақдам ва бо Рӯзи пойтахт муборакбод намуд.
Зикр гардид, ки ба шарофати сиёсати бомароми бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи самарабахши Раиси шаҳри Душанбе пойтахти Ватани азизи мо - шаҳри Душанбе рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, ба яке аз пойтахтҳои зебои ҷаҳон табдил ёфтааст.
Бо мақсади таъмини пешрафти соҳаҳои мухталифи пойтахт, аз ҷумла ҷиҳати беҳбуд бахшидани ҳолати инфрасохтор, сохтмон ва таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрӣ, таъминот бо воситаҳои нақлиёти муосири ҷамъиятӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзишӣ ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ то имрӯз дар ҳамбастагӣ ва бо дастгирии бевоситаи сокинони пойтахт корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмунҳои касбии соҳавӣ, ки то имруз гузаронида шудаанд, ҷоизаҳои шаҳрдорӣ супорида шуд.
Нахуст туҳфаҳои хотиравии арзишнок ва дипломҳо аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ғолибони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе-2024 дар фазои тантанавӣ супорида шуд.
Сипас ғолибони озмуни соҳаи маориф, барандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, ҷавонон, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми чорабинии бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи пойтахт, устодони ҳунар ва эҷодкорони ҷавони санъати кишвар бо барномаи калони фарҳангӣ иборат аз дастагули суруду мусиқӣ табъи иштирокчиёни ҷамъомади идонаро болида гардониданд.
Воқеан ҳам имрӯзҳо пойтахти Ватани азизи мо - шаҳри орзуву умедҳо Душанбеи дӯстдоштанӣ, ки таҷассумгари симои давлату миллати мо маҳсуб меёбад, ба ифтихори Рӯзи пойтахт қабои идона ба бар намуда, боз ҳам зебову дилработар гардидааст. Душанбеи имрӯза, воқеан ҳам, ифодагари симои аслии давлату миллати кӯҳанбунёди мо буда, дар радифи шаҳрҳои зебоманзари ҷаҳон мавқеи хосаро касб кардааст.