image

Рӯзи дарҳои кушод дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

date_range22.04.2024, 15:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye290

Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир ба касби интихобкардаи худ аз факултету ихтисосҳои мухталифи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар доираи Рӯзи дарҳои кушод муаррифӣ карда шуд аз наздик шинос шуда, маълумоти бештар ба даст оварданд. Интихоби дурусти касб бо назардошти шавқу ҳаваси ҳар хатмкунада метавонад дар оянда барои мутахассиси баландихтисос ба воя расонидан замина гузорад.

Таъкид карда шуд, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бузургтарин маркази таълимӣ ва илмии кишвар маҳсуб ёфта, дар омода намудани кадрҳои баландихтисос дар ҳама соҳаҳо нақши бузург дорад.

Дар донишгоҳ барои омода намудани мутахассисон 19 факултет мавҷуд мебошад, ки ҳамасола шумораи зиёди ҷавонон аз рӯи ихтисосҳои мухталиф хатм карда, дар рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар саҳми худро мегузорад.

Айни замон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зиёда аз 23 ҳазор нафар донишҷӯ дар зинаҳои гуногун таҳсил карда истодаанд. Хатмкунандагон ба баззаи илмӣ-таълимӣ, дастовард ва сохтори Донишгоҳ шинос шуда, иттилоъи бештар пайдо карданд. Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо хатмкунандагон мулоқот намуда, оид ба пешрафти соҳаи илму маориф дар донишгоҳ, шароити таҳсил, дастоварду муваффақияти донишгоҳ маълумот дода, қайд намуд, ки имрӯзҳо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо як зумра донишгоҳҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад ва донишҷӯёни лаёқатманд метавонанд таҳсили худро дар хориҷа низ давом диҳанд.

Дар идомаи суханронӣ дар атрофи омӯзиши курсҳои махсуси забонҳои хориҷӣ, интихоби ихтисосҳои гуногун, ҷараёни корҳои таълиму тарбия дар Донишгоҳ андешаҳои ҷолиб сурат гирифт. Дар Донишгоҳ бо дастгирии бевостаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит ва имкониятҳои муосири таҳсил муҳайё карда шуда, дар ин даргоҳи илму маърифат ҳамасола аз касбҳои гуногуну кадрҳои баландихтсос омода карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки таҳсил дар Донишгоҳ бо се забон, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар 14 факултети Донишгоҳ 252 нафар донишҷӯ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Дар идомаи баргузории «Дарҳои кушод» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омӯзгорону хамтмкунандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, инчунин хатмкунандагони литсейи донишгоҳ бо мақсади аз наздик шинос шудан бо фаъолияти корномаи фарзонафарзанди миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки воқеъ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойгир аст, боздид намуданд.

Омӯзгорону хамтмкунандагони мактабҳои миёнаи пойтахт бо нигораҳои осорхона ва санадҳои нодир, аз қабили аризаи дохилшавӣ, варақаи имтиҳонӣ, мавзӯи иншои дохилшавӣ ба муассисаи олии таълимӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонӣ, корҳои курсӣ, диплом ва фармони хатми факултаи иқтисодиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар солҳои 1977-1982 рост омада, инъикосгари овони таҳсили муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин муассиса мебошанд шинос гардиданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"