image

Баргузории даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман!» дар Консерваторияи миллӣ

date_range23.04.2024, 11:01 chat_bubble_outline0 remove_red_eye241

Дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман!» доир карда шуд.

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар пойтахт даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман!» ҷараён дорад. Дастаи эҷодкорони ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо баргузор намудани як барномаи ҷолиби фарҳангӣ дар даври ноҳиявии озмун ширкат намуданд.

Дар он муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ сухан карда, баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-ватани азизи ман»-ро, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат доир карда мешавад, имконяити хуб баҳри муаррифии ҳунару маҳорати кӯдакону наврасон ва ҷавонон маънидод намуд.

Озмун бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ баргузор мегардад.

Ғолибони озмун бо диплому ҷоиза ва дигар туҳфаҳои кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ мегарданд. Дар асоси Низомнома ба озмун қабл аз ҳама суруд ва оҳангҳои тозаэҷод, асарҳои нави композиторони ватанӣ, ҳамзамон беҳтарин осори мусиқии классикии ҷаҳонӣ, намунаҳои олии мусиқии анъанавӣ (мақомхониву фалаксароӣ), инчунин овозхонии академӣ (вокал) пешниҳод мешаванд.

Озмун дар байни хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии санъату фарҳанг, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии соҳаи маориф ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин муассисаҳои таълимии хусусӣ, композиторон (оҳангсозон), сарояндагон, овозхонон, навозандагон, ҳунармандон, иштирокчиёни филармония ва театрҳои халқӣ, гурӯҳҳои ҳунарии назди раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанги вилоят ва шаҳру ноҳия, аъзои ансамблҳои тарона ва рақс ва фолклорӣ, сарояндаҳои санъатдӯст, ансамблҳои оилавӣ, шахсӣ ва истеъдодҳое, ки алоҳида фаъолият менамоянд, иштирок карда метавонанд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"