Маҳфили адабӣ бахшида ба 100-солагии рӯзномаи “Овози тоҷик”
Бахшида ба 100-солагии рӯзномаи “Овози тоҷик” дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чорабинии илмӣ – адабӣ баргузор гардид, ки дар он шоирон, нависандагон ва аҳли илму адаб ширкат намуданд.
Зимни маърӯзаҳои хеш иштирокдорон иброз намуданд, ки рӯзномаи «Овози Тоҷик» дар арафаи тақсимоти миллии Осиёи Миёна дар Самарқанд таъсис ёфта, шумораи аввалини ин рӯзнома «Овози тоҷики камбағал» ном дошт ва он 25 августи соли 1924 чоп шудааст. «Овози тоҷик» аввалин повести реалистии тоҷик «Одина ё ки саргузашти як тоҷики камбағал»-и Садриддини Айнӣ аз 23 ноябр 1924 то 5 май 1925 чоп шуда буд. Рӯзнома барои ташкили мактабу маорифи тоҷик, нашри китобҳои дарсӣ, соддагии забони адабии тоҷик устуворона мубориза бурд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки воқеан рӯзномаи «Овози тоҷик» дар замоне арзи ҳасти намуд, ки сохти нав ба минтақаи мо хусусан ба Осиёи Марказӣ вуруд гашта буд, ва як зумра фарзандони рӯшанфикри миллат аз қабилӣ устод Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода ва дигарон бо дарки манфиатҳои миллӣ тавонистанд, ки якумин минбарӣ матбуоти давро бо унвони Овози тоҷик рӯи нашр оранд. Ҳарчанд рӯзнома дар аввали арзи ҳузури худ ба мушкилоти моли дучор гардид, аммо тавонсит, ки минбари тамомӣ шоирон, нависандагон ва озодфикрон гардид.
Дар идома дигарон низ ба сухан баромада бобати ин рӯзнома ба ҳозирин маърӯза карданд.
Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ