image

Дарси омузишӣ дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии ҳолатҳои фавқулодда

date_range25.04.2024, 10:52 chat_bubble_outline0 remove_red_eye182

Таъмини ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, яке аз вазифаҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи бехатарии миллӣ ва таъмини устувори тарақиёти давлат мебошад. Дар ин доира ва тибқи нақшачорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии ҳолатҳои фавқулодда курсҳои кутоҳмуддати омузишӣ бо ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи граждании Вазорату кумитаҳо ва идораҳои кишвар давоми 3-рӯз ба роҳ монда шуд.

Дар ин давраи курси омӯзишӣ, гурӯҳи таълимӣ аз вазорату кумитаҳо ва мақомотҳои низомию қудратӣ ҷалб карда шуданд, ки бо онҳо сардори Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита машғулият гузаронид.

Ҳолати фавқулодда - ин вазиятест, ки дар ҳудуди муайян, дар натиҷаи садамаҳо, зуҳуроти табии хатарнок, фалокатҳо, офатҳои табиӣ ва дигар офатҳо ба вуқӯъ омада, ба талафоти ҷонӣ, зарар ба сиҳатии одамон ё муҳити табии атроф, хисороти назарраси моддӣ ва халалдор намудани шароити зиндагию кори одамон оварда расонидааст ё оварда мерасонад. Пешгирии ҳолатҳои фавқулодда - системаи чорабиниҳои саривақт ба роҳ мондашудааст, ки барои ҳар чӣ камтар кардани хатари рух додани ҳолатҳои фавқулодда, инчунин барои ҳифзи сиҳатии омма, кам кардани миқдори зарари муҳити зист ва талафоти моддӣ дар ҳолати рух додани онҳо, нигаронида шудааст.

Рафъи ҳолатҳои фавқулодда-корҳои наҷотдиҳӣ аз садама ва дигар корҳои таъхирнопазир, ки ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда анҷом дода мешаванд ва ба наҷотдиҳии ҳаёт ва ҳифзи сиҳатии одамон, кам кардани ҳаҷм ва зарари муҳити табиии атроф ва талафоти моддӣ, инчунин барои маҳдуд кардани мавзеъҳои ҳолатҳои фавқулодда, қатъ намудани фаъолияти омилҳои барои ин мавзеъҳо хатарнок нигаронида шудаанд. Ин мавзуҳо низ ба иштирокчиён омузонида шуданд.

Машғулиятҳои таълимӣ бо усули лексионӣ, рӯнамоӣ, наворҳои видеоӣ, ба тарзи интерактивии таълим яъне суолу ҷавоб ва овардани мисолҳо баргузор гардид. Инчунин, дарсҳо дар синфхонаи ҳифзи шаҳрвандӣ ва синфхонаи тиббӣ ба тариқи амалӣ гузаронида шуд.

Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ бо шароитҳои замонавӣ ва дорои техникаву технологияи муосир фаъолият дорад, ки пайваста чунин омӯзишҳо ташкилу роҳандозӣ мегарданд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"