Суҳбату мулоқот бо ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Гурӯҳи корӣ дар ҳайати роҳбарони раёсату муассисаҳои нақлиётии пойтахт, ҷиҳати тақвияти хизматрасонӣ дар нақлиёти истифодаи умум бо ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ суҳбату мулоқот доир намуданд.
Вохӯрии Гурӯҳи корӣ дар ҳайати роҳбарияти раёсату муассисаҳои назорати фаъолияти нақлиётии истифодаи умуми пойтахт бо ронандагони автобус ва микроавтобусҳо ҷиҳати баланд бардоштани хизматрасонӣ ҳангоми ҳамлу нақли мусофирон дар ККВД «Автобус-1», «Автобус-2» ва «Автобус-3» ҷараён гириф.
Дар суҳбату мулоқот бо ронандагон масъулини МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон», ШБДА РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе, корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ ва мутахассони соҳа тақозо намуданд, ки ронандагонро зарур аст ба хотири хифзи солимии мусофирон коидахои бехатарии харакат дар рох ва шарту талаботи хамлу накли мусофирбариро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, ба қадри ҳама ғамгории давлату хукумати мамлакат ки бехтарин шароитро барои фаъолияту хизматрасонӣ мухайё намудааст, бирасанд.
Таъкид карда шуд, ки бо фаро расидани фасли гармо масъулини соҳаи нақлиёти мусофирбарии пойтахтро мебояд, ки баҳри хизматрасонии сатҳи баланд, қабл аз ҳама ба ҳолати техникии воситаҳои нақлиёти ба хатҳои сайр сафарбаргардида диққати авалиндараҷа дода, назорати фаъолияти ронандагонро дар шабакаи хатҳои сайр пурзӯр намоянд.
Дар вохӯрӣ вобаста ба риоя нагардидани пӯшидани либоси ягонаи хизматӣ аз ҷониби ронандагон ва инчунин зимни фаъолияти мусофирбарӣ бо телефони мобилӣ гуфтугу намудани онҳо изҳори нигаронӣ карда шуд. Дар ин замина ба роҳбарони ниҳоди дахлдор ва кормандони масъули корхонаҳои нақлиётӣ баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Инчунин гуфта шуд, ки пеш аз ба хати сайр сафарбар намудани воситаҳои нақлиёт, кормандони масъули корхонаҳои нақлиётӣ бояд ба ҳолати техникӣ ва тозагии воситаҳои нақлиёт диққати авалиндараҷа дода, доир ба риояи ҳатмии қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ бо ронандагон пайваста корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.
Дар ҷараёни суҳбату мулоқот марҳила ба марҳила гузаштан аз фаъолияти соҳибкорӣ ба хизматрасонӣ, риояи этикаи касбии ронанда, муоширати намунавӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои ҳаракат дар рох, шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ, ҳамлу нақли мусофирон, таваққуф дар ҷойҳои муайяншуда, истифодаи дарҳои худкор дар микроавтобусҳо, даст кашидан аз хизматрасонии чиптачинҳо дар микроавтобусҳо ва бартарият додан ба таъсиси хатсайрҳои автобусӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ