image

Оғози Анҷумани XIV саратоншиносон ва радиологони кишварҳои ИДМ ва Авруосиё дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

date_range26.04.2024, 10:13 chat_bubble_outline0 remove_red_eye172

Дар Анҷумани 14-умини саратоншиносон ва радиологони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Авруосиё муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва аъзоёни Ассотсиатсияи директорони марказҳо ва институтҳои саратоншиносӣ ва рентгенорадиологони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Авруосиё, коршиносони пешбари беш аз 12 кишварҳои хориҷӣ дар соҳаи саратоншиносӣ, шарикон оид ба рушд, роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, намояндаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доираи васеи мутахассисону коршиносони соҳа ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Дар даромадгоҳи донишгоҳи мазкур намоиши дастовардҳои соҳаи тандурустии мамлакат низ ба маърази тамошо гузошта шуд, ки меҳмонон ва иштирокчиёни Анҷуман аз он дидан намуданд.

Баъдан, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, номаи шодбошии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россияро ба муносибати баргузории Анҷумани 14-уми саратоншиносон ва радиологони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Авруосиё ба самъи иштирокчиён расониданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни баромади хеш иштирокчиён ва ҳайати меҳмононро барои иштирок дар ин чорабинии сатҳи баланд хайрамақдам гуфт. Тавре зикр гардид, баргузории чунин чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки мутахассисони саратоншинос бо дастовардҳои навини илм ва амалия шинос шаванд, ки ин омил ба такмил додани ёрии саратоншиносӣ мусоидат менамояд.

Интихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани Анҷумани навбатӣ-ин эътирофи дастовардҳои кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар ҳифзи саломатии шаҳрвандон, самаранокии тадбирҳо оид ба мубориза бо бемориҳои саратон, хизматҳо ва эътибори саратоншиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар мебошад.

Анҷумани мазкур то 27-уми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе идома хоҳад ёфт.

Зарина Абдураҳмонова
"ТВ Душанбе"