image

Баргузории маҷлиси КИ ҲҲДТ дар шаҳри Душанбе

date_range26.04.2024, 11:11 chat_bubble_outline0 remove_red_eye190

Дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, намояндаи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, кормандону масъулини сохторҳои ҳизбии пойтахт, фаъолон аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва васоити ахбори омма иштирок карданд.

Дар рафти маҷлис масъалаҳои рӯзнома “Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда”, “Оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Мирзозода Иброҳим раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда гузориш дода қайд кард, ки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Душанбе давоми семоҳаи якуми соли 2024 фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ба роҳ монда, дар ин самт як қатор тадбирҳои муайяну муҳимро ба иҷро расониданд.

Дар идома гуфта шуд, ки дар ин давра бо ҷалби аъзои фаъолу ҷонибдорони ҳизб, кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилону сокинон ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” 8393 ҳашару шанбегҳои оммавӣ баргузор гардида, дар рафти онҳо 21 665 дарахту ниҳол ва 32 480 гули ороишии мавсимӣ шинониданд. Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузориш дод.

Дар ин раванд, намояндаи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни баромади худ ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ, аз ҷумла беҳтар намудани сатҳи баргузории чорабиниҳо, саривақт доир намудани маҷлисҳои ҳизбӣ, ташкили курсҳои бозомӯзӣ, фаъол намудани намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар кумитаю ташкилотҳои ибтидоӣ ва доир намудани чорабиниҳои мухталиф ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ҷашн гирифтани 30 - солагии Рӯзи таъсисёбии ҳизб, аз масъулини сохторҳои ҳизбӣ тақозо кард, ки дар ин самтҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Дар фарҷом бо назардошти таклифу пешниҳодҳо аз рӯйи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Қиёмиддин Ҳомидов
"ТВ Душанбе"