image

Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ таҳти унвони “Намудҳои миллии варзиш ва рукни асосии фарҳанги миллӣ”

date_range26.04.2024, 14:50 chat_bubble_outline0 remove_red_eye174

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ таҳти унвони “Намудҳои миллии варзиш ва рукни асосии фарҳанги миллӣ” дар назди Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ" ва дар дохили Муассисаи давлатии Боғи "Куруши Кабир" баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор ва ҳайати васеи сохтор ва зерсохторҳои Кумита, кормандону масъулини вазорату идораҳо, ҷавонони фаъолу варзишгарони муваффак, роҳбарону намояндагони корпусҳон дипломатӣ иштирок доштанд. Фестивал бо садои карнаю сурнай ва бо ҷалби устодону мураббиён ва донишҷӯёну варзишгарони муассисаҳои таълимӣ ва тайёрии варзишии ҷумҳуриявию шаҳрӣ ба нақша гирифта шуда, дар он зиёда 50 намуди бозиҳои миллии варзишӣ бо тарзу усули маҳаллӣ ба маърази тамошои ҳозирин гузошта шуд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, бо сухани ифтитоҳи зимни маросими ифтитоҳи Фестивали мазкур қайд карданд, ки ҳадаф аз баргузории фестивал эҳё намудани бозиҳои миллии варзишӣ ва ба ин васила муаррифӣ намудани фарҳанг, тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки роҳандозии кулли ин чорабиниҳои гуногуни аҳамиятбахш ва хеле самараовар аз тахаюлоти бою рангин, ғояҳои беназиру беҳамто, иқдомоти шоистаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

Ҳамзамон, дар Фестивали мазкур барномаи рангини фарҳангӣ бо фарогирии суннатҳои анъанавии миллӣ бо иштироки сарояндагони маҳбуб ва ансамблҳои рақсӣ манзури иштирокдорони чорабинӣ гардонида шуд.

Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"