Марҳилаи чоруми Олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 5 ва 6
Марҳилаи чоруми Олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 5-6 аз фанҳои ҷамъиятӣ, гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ барои хонандагони синфҳои 5-6-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ доир гардид.
Чорабинӣ дар муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” доир гардида, дар олимпиада мактаббачагон аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ иштирок ва барои муаррифии донишу маҳорати худ аз фанҳои гуногун сабқат карданд, ва таваҷҷуҳи махсус ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ равона карда шуд.
Дар ин марҳилаи олимпиада 1297 нафар хонанда ширкат варзиданд, ки ин аз таваҷҷуҳи густурдаи мактаббачагон ба чорабиниҳои илмӣ ва ин майлу рағбат доштани онҳоро дар соҳаҳои гуногун шаҳодат медиҳад. Натиҷаҳои ин марҳила барои муайян кардани иштирокчиёни боистеъдод ва баҳодиҳии самаранокии барномаҳои таълимӣ мусоидат мекунанд.
Олимпиадаи мазкур бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷараён гирифта, натиҷаҳои баъди анҷоми олимпиада аз тарафи масъулин муайян карда мешавад.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ